Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:03

Тамдиди мӯҳлати ташхиси техникии нақлиёт

4 июн 2011, 06:18

Шурӯъ аз имрӯз Русия мӯҳлати эътибори варақаҳои ташхиси техникии нақлиётро барои 1 соли дигар тамдид кард.

Яъне, касоне, ки барои соли 2011 нақлиёти худро аз ташхиси техникӣ гузаронидаанд, ба  таври атоматик ин мӯҳлат то ҳамин давраи соли 2012 идома хоҳад кард. Нафароне, ки аз ин ба баъд нақлиёти нав мехаранд, ҳангоми қайди давлатии нақлиёт дар мақомоти пулис ин гуна варақаҳои ТТ (ТО)-ро ройгон дарёфт хоҳанд кард.

Аммо тавре Хадамоти давлатии бехатарии ҳаракат (ГИБДД)-и ВКД-и Русия иттилоъ медиҳад, ин тасмим барои нақлиёти сабукраве, ки ба таври тиҷорӣ ба мусофиркашонӣ машғул мебошад, дахл надоштааст.

Гуфтанист, тасмими тамдид кардани мӯҳлати фаъолияти варақаҳои ТТ (ТО) яке аз тасмимҳои ахири президенти ин кишвар мебошад, ки ба андешаи коршиносон дар пешорӯи интихоботи президентӣ бо ҳар гуна тасмимҳои мусбӣ хоҳони касби бештари бовари мардум будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!