Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:15

Хитой ба Тоҷикистон 150 миллион юан кӯмаки бебозгашт ихтисос медиҳад

5 июн 2012, 05:27

Субҳи имрӯз, 5-уми июн дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни роҳбарияти ду кишвар оғоз ёфт.

Сомонаи райисҷумҳури Тоҷикистон менависад, Эмомалӣ Раҳмонро дар қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ президенти Хитой Ху Ҷинтао пешвоз гирифтааст. Масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сиёсӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуд.
«Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад. Давлатҳои мо тайи 20 соли робитаҳои дипломатӣ ба ҳамсояҳои наку, дӯстони содиқ ва шарикони боэътимод табдил ёфтаанд»,-гуфт зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон.
Ху Ҷинтао дар навбати худ гуфт: «Ман ба мавқеи устувору қотеонаи шумо дар мубориза бо хатарҳои сегонаи ҷаҳони муосир қоилам. Нақши шахсии шумо дар таъмини амнияти минтақавӣ басо намоён аст ва мо аз ин қадрдонӣ мекунем».
Зимни баррасии масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши равобит дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳим дар ин самт мебошад.
Ҳарду ҷониб ба бунёди нерӯгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерӯи барқ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, оғози корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ва густариши робитаҳои минтақавӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони Тоҷикистону Чин ду санад ба имзо расид:
- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ.
Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи созишнома оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 150 миллион юан кӯмаки бебозгашт ё грант ҷудо карда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!