Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

«Рисолати сулҳҷӯёна 2012» амалиёти муштараки зидди террористиро тамрин мекунад

5 июн 2012, 06:03

Аз 7-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии  вилояти Суғд машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» баргузор мешавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати дифои кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки машқҳои муштарак таҳти роҳбарии генерал майёр Эмомалӣ Собиров, фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон сурат мегирад.
«Дар ин машқҳо мақомоти ҳарбии идории низомӣ, ки ба ҳайати он гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории шанхай (СҲШ) ва ҷузъу томҳои таъингардидаи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Русия ва ҷумҳурии мардумии Чин шомиланд,  ширкат хоҳанд кард. Дар машқҳои муштараки зидди терористӣ беш аз 2000 хизматчии ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СҲШ ҷалб гардида, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, туппҳои навъи гуногун ва яроқи мухталифи оташфишони ҳарбӣ истифода мешавад»,-афзуд манбаъ.
Сухангӯӣ Вазорати дифоъ ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки зидди терористиро тарҳезӣ намудани назару муносибати ягонаи кори мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзои СҲШ дар ташкили амалиёти муштараки зидди терористӣ дар шароити кӯҳистон, ҳамоҳанг намудани фаъолияти ситоди муштараки мутаҳидаи амалиётии қушунҳо дар самти омодагӣ ва дар амал табиқ намудани амалиёти зидди терористӣ, ҳамроҳ  тарҳрезӣ намудану бо усули ягона идора кардани ситоди муштараки мутаҳидаи қушунҳо баҳри таъмини бехатарӣ дар минтақа, дар ҳамоҳангӣ ташкилу ба роҳ мондани амалиётҳои зидди терористии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СҲШ дар шароити кӯҳсор ва табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар таҳия ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зидди терористӣ унвон кард.
Дар назар аст, ки аз оғоз то даври ниҳоии машқҳои муштараки «Рисолати сулӯёна 2012»- ро роҳбарон ва намояндагони низоми кишварҳои аъзои СҲШ ва мақомоти ғайриҳарбии дохилу хориҷ назорат баранд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!