Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 20:29

Ҳукми чор нафар дар Дания мавзӯи иҳонат ба паёмбари Исломро аз нав расонаӣ кард

5 июн 2012, 10:25

Додгоҳи Дания чор нафарро бо иттиҳоми қасди ҳуҷум бар дафтари кории рӯзномаи Jyllands Posten барои 12 сол равонаи зиндон кард.

Тибқи иттилои расонаҳо ин афрод қасд доштаанд, дар посух ба нашри карикатураҳои Муҳаммад паёмбар (С) дар соли 2005 кормандони рӯзномаи Jyllands Posten-ро ба қатл бирасонанд. Додгоҳ Мунир Авад, Умар Абдуллоҳ Абоилазм, Мунир Бин Муҳаммад Даҳрӣ ва Сабӣ Бин Муҳаммад Залутиро барои тасмими куштани ҳар чӣ бештари ғайримусулмонон муҷрим шинохтааст.
Мақомоти амниятии Швейсия ва Дания изҳор доштаанд, ки чанд моҳ боз ин нафаронро таҳти пайгард ва назорат қарор дода будаанд. Ин афрод дар Дания ба сар бурда, аммо зодагони Тунис, Миср ва Либиё будаанд. Пулис ҳанӯз соли 2010 онҳоро боздошт намуда, аз манозили зисташон миқдори зиёди аслиҳа  ва дигар маводҳои ҷосусӣ пайдо намудааст.
Ёдовар мешавем, пештар додгоҳи Ослои Норвеҷиё низ 2 нафарро бо ҷурми омодагии таҳоҷум бар дафтари рӯзномаи Jyllands Posten равонаи зиндон намуд. Карикатураҳо ба паёмбари Ислом (С) соли 2005 аз сӯи рӯзномаи Jyllands Posten мунташир шуд ва баъдан чанд рӯзномаи дигари аврупоӣ онро бознашр кард. Ин ҳолат эътирозҳои шадидеро миёни мусалмонони дунё ба вуҷуд овард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!