Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:08

Баҳси додгоҳӣ алайҳи «Фараж» хотима ёфт

5 июн 2012, 10:49

Файзиддин Азизов аз даъвои худ алайҳи Зевар Шарипова ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Фараж» даст кашид.

Имрӯз дар мурофиаи додгоҳӣ суди  ноҳияи Исмоили Сомонии ба хулосае омад, ки барасии парвандаи гражданӣ бо даъвои Файзиддин Азизов дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Урунбой Бобошеров нисбат ба Зевар Шарипова ва ҳафтаномаи «Фараж» дар бораи ҳимоя шаъну шараф, эътибори корӣ ва руёнидани зарари маънавӣ бинобар аз даъво даст кашидани даъвогар қатъ карда шавад.
Ёдовар мешавем, баҳси ҳафтаномаи мазкур сари масъалаи нашри мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» - 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтаномаи «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011) оғоз гардида буд.
Файзиддин Азизов сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ин ки гуё  ҳафтаномаи  «Фараж» ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи кори ӯ гунаҳкор аст, аризаи даъвогӣ ирсол намуд.
Дар ҳафтанома сухан дар бораи ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ва аз бархӯрд бо автомашинаи дигар осеб дидани сабукрави «Мерседес»-и истеҳсоли соли 1990 меравад, ки таҳти идораи Азизов қарор дошт. Суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятии Файзиддинро баррасӣ карда, ронандаи автомашинаи дигарро барои расонидани зарар дар ҳаҷми 22 ҳазор доллари ИМА ҷарима бастааст.
Пас аз нашри ин матлаб баҳси судӣ шурӯъ шуд ва инак бо созиши ҷонибҳо ба он нуктаи таммат гузошта шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!