Шашумин ярмарка-намоишгоҳи «Интерлегпром-2012» рӯзҳои 7-9-уми июн дар бинои китобхонаи миллии пойтахт баргузор хоҳад шуд.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 20 ширкати тоҷикистионӣ ширкат намуда, молҳои мухталифи саноатиро ба маърази тамошо мегузоранд. Манбаъ мегӯяд, дар ин намоишгоҳ ҳунармандони зиёде маҳорати кандакорӣ, зардӯзӣ, қолинбофии худро нишон медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар доираи чорабинии мазкур намоиши китоб низ дар назар дошта шудааст. Ба маърази тамошо гузоштани китобҳои гуногун аз ашъори адибону шоирони маъруфи кишвар дар ин чорабинӣ дар назар аст.
Мӯҳр