Бахшҳо

Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд

Нимаи дуюми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон бо Вэн Ҷябао, сарвазири Шӯрои давлатии ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Вэн Ҷябао изҳор доштааст, ки ҳукумати кишвараш барои тадбиқи амалии тавофуқоти имрӯза ва қаблии миёни ду кишвар имкону захираҳои заруриро сафарбар менамояд.
«Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Хитой барои дастгирии пайваста аз рушди босуботи кишвари мо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин, хусусан дар тадбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ ба нафъи кулли минтақа хизмат мекунад»,-афзуд манбаъ.
Аз ин пештар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Чин мулоқот кард. Зимни сӯҳбатҳо таваҷҷӯҳи бештар ба сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби гарм - Душанбе ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки лоиҳаи сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби гарм - Душанбе баъди омӯзиши дақиқи комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ва оғози татбиқ пешниҳод карда мешавад.
Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бошад, тибқи тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ҳосилшуда бояд тезонда шуда, дар зарфи як соли оянда ба поён расонда шавад.
Дар мулоқот бо раиси ширкати Ҳенан Ҷинҷиан Силверсид ЛИ ЧАО масоили ҳамкорӣ дар бахши зироаткорӣ баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло ин ширкат дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дар 600 га замини корами обӣ пахта ва сабзавоту полезӣ кишт намуда, истифодаи технологияҳои пешқадами каммасраф ва серҳосили кишоварзиро ба роҳ мемонад.
Дар заминҳои кишти ин ширкат беш аз 40 нафар мутахассисони кишоварзӣ ва деҳқонони Тоҷикистон машғули кор ва омӯзиши таҷрибаи ғании ҳамкасбони чинии худ мебошанд.
Дар мулоқот бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Вэн Ган масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин ширкат доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ба мисли Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон, қисмати Душанбе-Данғараи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хорӯғ-Кулма- Қароқурум бо нақби Чормағзак баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода низ бо сифат ва суръати баланд дар муҳлати муайяншуда навсозӣ мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)