Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Қурбонҷон Кабудов: «ТалКо» ба экологияи Ӯзбакистон зарар намерасонад

4 июн 2011, 07:10

Ҷаласаи 27-уми Ассамблеяи Генералии СММ 16-уми декабри соли 1972 қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он  ҳамасола 5-уми июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар саросари олам таҷлил мегардад.Табиист, ки Тоҷикистон низ ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонист ва ин сана дар кишвари мо ҳам ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин, «Озодагон»  ба коршиноси масоили зистмуҳитӣ, ҳамзамон роҳбари «Маркази манбаҳои барқароршавандаи энергия»-и АУ Тоҷикистон Қурбонҷон Кабудов бо се суол муроҷиат кард.

Озодагон: Ба назари шумо вазъи экологии Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбеи имрӯза дар кадом сатҳ қарор дорад?

Қурбонҷон Кабудов: Вазъи экологии Тоҷикистон, пойтахти он дар ҳоли ҳозир мӯътадил аст. Яъне муҳити зисти мо дар пояи хуб қарор дорад. Аммо як чизро бояд қайд кунам, ки ҳодисаҳои глобалӣ дар маҷмӯъ ба ҷумҳурии мо таъсири манфӣ расонида метавонанд.     Тарзи нодурусти хоҷагидорӣ ба он мусоидат кард, ки заминҳои зиёд бекор хоб рафтаанд, шӯразор дар чумҳурӣ зиёд шуда истодааст.  Имрӯзҳо мушкилии асосии экологӣ дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи тандурустӣ ба назар мерасад.Тағйирёбии иқлим низ таъсири худро ба экологияи Тоҷикистон расонидааст: ҳаҷму масоҳати об дар рӯдхонаҳо кам шуда, пиряхҳо ба тадриҷ об мешаванд, хушксолӣ ҳам аз мушкилоти дигари экологӣ аст.

Озодагон: Корхонаи арзизи Тоҷикистон мавсум «ТалКо» ба экологияи кишвари ҳамҷаворамон- Ӯзбакистон чӣ таъсир расонида метавонад ва ё расонидааст?

Қурбонҷон Кабудов: Албатта ширкати «ТалКо» дорад партовҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист каму беш зарар доранд, лекин на ба он дараҷае, ки дар Ӯзбакистон овоза мекунанд.Чанде қабл, як гурӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон аз ин муассиса ва вазъи экологии шаҳри Турсунзода дидан карданд. Журфикси экологӣ нишон дод, ки хатаре аз ин корхона ба муҳити зист вуҷуд надорад.Кулли  ширкаткунандагон ба хулосае расиданд, ки ТалКо ба экологияи минтақа ва ҳамсоякишвар зарар намерасонад.Ба замми ин таҷҳизоти муосири насбшуда, имкон медиҳад, ки амнияти экологӣ дар гирду атрофи завод пурра таъмин шавад.

Озодагон: Дар Аврупо феълан теъдоди касалиҳои меъдаю рӯда зиёд шудааст. Ҳатто бархе аз кишварҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ин маризӣ воридоти сабзавотро аз ин минтақа манъ кардаанд. Оё дар Тоҷикистон хавфи паҳн шудани ин касалиҳои «сабзавотӣ» ҳаст?

Қурбонҷон Кабудов: Ҳоло мушаххас нашудааст, ки ин беморӣ дар Олмон аз кадом навъи сабзавот пайдо шудааст. Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки барангезандаи ин маризӣ бодиринг аст.Немисҳо иддао доранд, ки бемории мазкур аз дигар давлат ба қаламрави онҳо ворид гаштааст. Русия бошад, воридоти сабзавотро аз кишварҳои аврупоӣ манъ кард. Аммо ин касалӣ ба ҷумҳурии мо бевосита таъсир расонида наметавонад, зеро Тоҷикистон аз Аврупо сабзавот ворид намекунад. Мо худамон кишвари истеҳсолкунандаи меваҷоту сабазавотем.{jathumbnail off}

Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!