Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:12

Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Суғдро бетағйир гузошт

6 июн 2012, 04:47

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми 5 сокини Исфараро, ки дар куштори як корманди комиссариати ҳарбӣ ганаҳкор дониста  шудаанд, бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ки барои "сафед" кардани панҷ сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара талош мекунад.Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд ин панҷ сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро ба куштори Содиқ Ашӯров, корманди комиссариати ҳарбӣ гунаҳкор дониста, аз 12 то 14 сол ба маҳкум  аз озодӣ карда буд. Вале Файзиннисо Воҳидова вакили мудофеъи онҳо мегӯяд, ки  нафарони таҳти ҳимояташ  буда бидуни асос боздошт ва маҳкум шудаанд. Ӯ ба ин назар аст, ки зерҳимоятонаш  далеле барои қатли корманди коммисариати ҳарбӣ надоштанд, чун ҳамаи онҳо аз хидмат дар сафи артиш озод буданд.  Хонум Воҳидова афзуд, ки шоҳидон  дар додгоҳи вилоятӣ ба бегуноҳии нафарони таҳти ҳимояташ шаҳодат доданд, аммо додгоҳ онро ба эътибор нагирифтааст. Ба гуфтаи шоҳидон, нафарони маҳкумшуда дар вақти содир шудани ҷиноят дар ҷойҳои дигаре қарор доштаанд. Аммо додгоҳ ин далелҳоро ба назар нагирифта ва ҳатто аз додситонии Исфара тақозо карда буд, алайҳи се шоҳид бо айби "шаҳодати бардурӯғ" парванда боз кунад.   Содиқ Ашӯров, масъули мизи ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, шаби 12 ба 13-уми сентябри соли 2011-ум  аз тарафи шахсони номаълум лату кӯб шуда, дар натиҷа ба ҳалокат расида буд. .  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!