Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Намоиши технологияи сарфаҷӯёнаи энергия дар Суғд

6 июн 2012, 05:04

Дуюми июни соли 2012 дар шаҳри Чкалов бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноат, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Донишкадаи куҳӣ-металургии шаҳри Чкалов, намояндагии  ОБСЕ дар вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон баҳри ҳифзи муҳити зист» - озмун-намоиши минтақавии сеюми «Технологияи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифодаи такрории захираҳо - 2012»  баргузор гардид.

Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз  Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар намоиш-озмуни мазкур 47 корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМБК, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аз ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд. Онҳо маҳсулотҳои каммасраф  ва коркарди дуюмбораи партовро пешкаш намуданд.
Дар ин озмун ҷои аввал насиби ҶДММ «Сайқал» аз шаҳри Қайроққум гашт. Сазовори ҷои дуюм Нурланбек Калдибаев ва Илияз Султанов аз Қирғизистон дониста шуданд ва ҷои сеюм насиби Шероз Ҳоҷибоев, донишҷӯи ДДХ ба номи Б.Ғафуров гашт.
Дар бахши «Сарфаи энергия ва самаранокии нерӯ» ғолибият насиби Далер Домуллоҷонов, Рустам Зеваршоев ва Абдуаҳад Қодиров гардид. Дар бахши бачагона  кори Шавкат Холмуродов, Абдуҳаким Ҳакимов, Равшан Шокиров ва Шаҳзод Ортиқов беҳтарин дониста шуд.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои арзанда – ноутбук, видеокамера, принтер ва велосипедҳо супорида шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!