Намояндаи «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ»- и Британияи Кабир дар Тоҷикистон мактаби ВАО-ро оид ба рушди жанри тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон боз намуд.
Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, дар даври аввали мактаб, ки 5-ум ва 9-уми июн и соли равон доир мегардад, 15 нафар рӯзноманигорони ҷавон аз шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Душанбе усулҳои муосири ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоъро омӯхта, дар оянда метавонанд ба Шабакаи байналмилалии журналистони тадқиқотчӣ – SCOOP шомил шаванд. Даври дуюми омӯзиш пас аз се моҳ шурӯъ шуда, ду рӯз идома меёбад.
Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми мактаб барои коромӯзии дуҳафтаина ба бюрои украинии SCOOP фиристодани 5 нафар иштирокчиёни фаъол дар назар аст, то ки онҳо таҷрибаи тадқиқотӣ ва малакаашонро афзун кунанд.
Омӯзиши мазкурро тренерони касбӣ Олег Хоменок аз Институти рушди матбуоти минтақавии Киев ва Татяна Тихомирова аз Мактаби олии журналистикаи Университети миллии пажӯҳишии Мактаби олии иқтисоди Москав мегузаронанд. Сергей Романов, ҳуқуқшиноси тоҷик роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон» мушовири ҳуқуқии тренинг мебошад.
Лоиҳаи «Озмоишгоҳи тадқиқоти журналистӣ» бо дастгирии молиявии шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мӯҳр