Бахшҳо

Ифтитоҳи хати нави истеҳсолӣ дар корхонаи қолинбарории Қайроқум

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода хати нави истеҳсолот дар корхонаи «Қолинҳои Қайроқум»бо ҷалби таҷҳизоти муосир ба фаъолият оғоз кард.

Ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои Қайроқум» аз рӯзи таъсисёбиаш то имрӯз новобаста аз се зарбаи сахти истеҳсолӣ: заминларзаи соли 1985 дар шаҳри Қайроқум, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бӯҳрони молӣ, имрӯз низ устуворона пеш меравад ва иқтидори истеҳсолиашро нигоҳ медорад. Мувофиқ ба талаботи замон дар корхона шаклҳои муосири истеҳсолот ба роҳ монда шудааст.  
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроқум» аз соли 1960 инҷониб фаъолият карда, чи дар замони собиқи шӯравӣ ва чи имрӯз бо қолинҳои хушсифати хеш машҳур мебошад. Барои фаъолияти пурсамараш корхона соли 1976 ба ордени Байрақи сурхи меҳнат сазовор гардида, баъдан то имрӯз соҳиби ҷоизаҳои гуногуни байналмилалӣ аз ҷумла, «Глобуси тиллоӣ»,  «Арки Аврупо-99», «Ситораи платинӣ оид ба сифат» ва ғайраҳо мебошад. Айни ҳол, корхона узви баробарҳуқуқи корпоратсияи транснатсионалии «Қолинҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил» ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки ин корхона соли 1992 нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ ба шакли нави хоҷагидорӣ, яъне ҷамъияти саҳҳомӣ гузашт ва имрӯз дар заминаи он се корхонаи истеҳсолӣ – ҷамъиятҳои саҳҳомии дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд», «Тафтекс» ва «Ростои Суғд» амал мекунанд ва ба истеҳсоли маҳсулоти қолинии пашмин, рӯйпӯшҳои рӯифаршии қолинӣ, матоъҳои техникӣ аз нахҳои полипропиленӣ, рӯпӯшҳои намадии сӯзанзадашудаи пашмин ва кимиёвӣ, кампалҳои нимпашмин ва матоъ барои гармхонаҳо машғул буда, ҳамчунин коркарди аввали пашми маҳаллӣ ва истеҳсоли риштаҳои пашмин ва нимпашмин дар корхона ба роҳ монда шудааст.  
Дар корхона таҷҳизоти пешқадами истеҳсоли дастгоҳи бофандагии дуқабатаи тамғаи Алфа-360-и истеҳсоли Олмон, хати пардоздиҳии Анмаки истеҳсоли Туркия ва дастгоҳи тортании Мир Макинаи истеҳсоли Туркия ворид ва насб карда шуданд.
Ҳосилнокии дастгоҳи нави Алфа 84 метри мураббаъ қолинро дар як соат ташкил дода, дар муқоиса бо дастгоҳҳои қаблӣ 8 маротиба зиёд мебошад. Он ба таври электронӣ танзим карда шуда, имконияти васеи истеҳсоли қолинҳои гуногунандозаро фароҳам меоварад. Қолинҳои дар ин дастгоҳ истеҳсолшаванда бо ранг, нақшу нигор ва баландии пати қолин фарқ мекунанд. Бартарии дастгоҳи нав дар он аст, ки он ба туфайли вазифаи зиёдро иҷро карданаш 10 таҷҳизоти пешинаро иваз мекунад.  Дастгоҳи мазкурро 4 нафар дар як баст идора ва танзим менамоянд.
Хати пардоздиҳии Анмак аз 6 қисм иборат буда, бо воситаи буғ кор мекунад. Он аз дастгоҳҳои бартарафкунандаи нуқсонҳо, пардоздиҳию ширешмолӣ, паттарошии қолин ва ғайра иборат мебошад. Ҳосилнокии хати мазкур коркарди 8000 метри мураббаъ қолин дар як бастро ташкил медиҳад. Дастгоҳи тортанӣ бошад, барои тайёр намудани ресмонҳои қолин муқаррар шудааст. Ресмонҳо дар ин дастгоҳ ба намуди тасмавӣ печонида шуда, суръати печонидани ресмон аз 10 то 50 метр дар як дақиқаро ташкил медиҳад. Ғунҷоиши вазни риштаҳои печонидашуда, дар як ғалтак аз 100 то 1500 килограмм мебошад. Дастгоҳи мазкур бо ҳосилнокӣ ва сифати тортанӣ аз дастгоҳҳои пешина фарқ карда, универсалӣ мебошад ва имкон дорад, ки барои ҳама намуди дастгоҳҳои бофандагӣ ғалтак тайёр намояд.

Ба гуфтаи раиси вилоят Қоҳир Расулзода иқтидорҳои истифоданашудаи истеҳсолӣ дар вилоят ҳанӯз зиёданд, ки инро дар мисоли коркарди нахи пахта метавон баён кард.




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)