Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Агентии омор дар фикри ташаккули омори саривақтӣ, холисона ва эътимоднок

6 июн 2012, 07:16

Дар  ҷаласаи Агентии омор дар алоқамандӣ бо ихтисорнамоӣ ва барҳамдиҳии такрорёбии ҳисоботҳои оморӣ ва сабуку кам кардани сарборӣ ба ҳисоботсупорандагон, масъалаи қатъ намудани пешбурди намудҳои ҳисоботи омории №3, №8 ва №9-шакли молияи омор баррасӣ гардид.

Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон хабар доданд,  аъзоёни Шӯрои методологӣ ва иштирокчиёни ҷаласа доир ба ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳо оид ба идоракунии сифат, пеш аз ҳама риояи принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ – рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ, эътимоднок, холисона, махфӣ, мувофиқатпазир, шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмӣ муҳокимарониҳо намуданд.
Инчунин шштирокчиёни ҷаласа пешниҳод намуданд, ки масъалаи мазкур муфассал баррасӣ гардад ва ҳатман бо вазорату идораҳо ва институтҳои байналмилалии дахлдор, пеш аз ҳама Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ мувофиқа карда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!