Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:02

Шаҳрвандони Фаронса кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро лату куб кардаанд

6 июн 2012, 10:20

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт аснои баргузории як амалиёт ду шаҳрванди Фаронсаро бо ҷурми лату кӯби милисаҳо дастгир кардаанд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, рӯзи 4-уми июни соли равон соати 23:00 дар назди театри «Опера ва Балет»-и ба номи Садриддин Айнӣ шаҳрвандони Фаронса- хонум Малки Маликаи 41 сола, аташеи Иттиҳоди Комиссияи Аврупо ва Ҷалоли 42 сола, дар ҳолати мастӣ ва бидуни ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ- лейтенанти милиса Гулмурод Файзови 30 сола, корманди Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, Далер Шододови 32 сола, майори милиса, нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ва Рамазон Қурбонови 32 сола, майори милиса,  нозири иҷозатдиҳии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур дарафтода, онҳоро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа кормандони милиса ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардада, ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!