Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:54

Даргирӣ дар ҳудуди Қарабоғи кӯҳӣ 5 кушта бар ҷой гузошт

6 июн 2012, 11:45

Расонаҳои расмии Озарбойҷон хабар медиҳанд, ки панҷ нафар сарҳадбонони озарӣ дар пайи як амалиёти диверсионӣ дар сарҳад бо Арманистон кушта шудаанд.

Дар ин бора Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад задухӯрд миёни сарҳадбонон дар минтақаи сарҳадии деҳаи Ашаги Аскипара (Аскипараи поён) - и ноҳияи Қазоқи Озорбойҷон сурат гирифтааст.
- Ҳангоми вайрон кардани хати сарҳад миёни сарҳадбонон задухӯрд сурат гирифта, дар натиҷа 4 нафар кушта ва 1 нафари дигар сахт ярадор шуда, дертар вафот кардааст. Аммо кӯшиши гузаштан аз хати марз бенатиҷа анҷом ёфтааст. Аз сӯи марзшиканон низ ярадоршудагон ҳастанд,  омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Озорбойҷон.
Ҳамчунин Вазорати дифоъ насаби кушташудагонро низ дар ихтиёри хабаргузориҳо гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти дифоии Арманистон ахбори хилофи инро пахш кардаанд. Бино ба маълумоти мақомоти Арманистон шоми 54-уми июн як гурӯҳи 15-20 нафарӣ хати марзро ғайриқонунӣ убур карда, мехостаанд вориди хоки Арманистон шаванд. Миёни сарҳадбонон дар ҳудуди деҳаи Воскепари ноҳияи Тавуш ин кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ безарар гашта, бар асари ин 5 нафар сарҳадшиканон кушта шудаанд.  
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Ашаги Аскипара бар асари  муқовиматҳо дар низоъҳои Қарабоғи кӯҳӣ ба ихтиёри Арманистон гузашта буд. Аммо ин деҳа аз сӯи Арманистон ҳамчун ҳудуди вилояти Тавуш ва аз сӯи Озорбойҷон ҳамчун ҳудуди ноҳияи Қазоқи ин кишвар шинохта мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!