Рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои соҳавии ватанӣ дар бинои Ҷамъияти саҳҳомии пўшидаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолию сохтмонии «Техноинвест» баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ин намошгоҳ бо ташабуси вазорати мазкур ташкил карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин намошгоҳ дар назар дошта шудааст, ки то 25 намуд маҳсулоти гуногуни масолеҳи сохтмонии дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба маърази тамошо гузошта шавад. Ширкату муассисаҳои сохтмонӣ ва шахсони инфиродӣ имкон доранд, ки аз намоишгоҳ дидан намуда, маҳсулоти писанди худро интихоб намоянд ва барои харидорӣ намудан шартномаҳо ба имзо расонанд.
Мӯҳр