Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:47

Бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2012 оғоз меёбад

7 июн 2012, 05:54

Рӯзи 6-уми июн дар бинои Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуд.

Дар ин марҳила чор даста: «Самар» (Восеъ), «Ситора» (Рӯдакӣ), РТСУ (Душанбе) ва «Далерон» (Истаравшан) иштирок мекунанд. Бозиҳои аввал рӯзи 15-уми июн доир хоҳад шуд. Бозиҳои ҷавобӣ бошад 19-уми июн барпо мегарданд. Баъди анҷоми ҳарду даври ин бозӣ ғолибони ҷуфтҳо ба даври минбаъдаи ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд.  Ба онҳо 13 дастаи лигаи олӣ ва як клуби лигаи аввал - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ҳамроҳ мешаванд. Дар умум 16 даста ба ҳашт ҷуфт тақсим мешавад. Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пас аз чанд рӯз доир мегардад.
Бозиҳои аввалини даври пешакӣ, 15-уми июн шурӯъ мешавад. Оғози бозиҳо соати 17:30.
«Самар» (Восеъ) – РТСУ (Душанбе)
«Далерон» (Истаравшан) – «Ситора» (Рӯдакӣ)
Бозиҳои ҷавобии даври пешакӣ, 19-уми июн, доир мегардад. Оғози бозиҳо соати 17.00.
РТСУ (Душанбе) – «Самар» (Восеъ)
«Ситора» (Рӯдакӣ) – «Далерон» (Истаравшан)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!