Аз дафтари марказии Бонки Эсхата дар шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори Озодагон гуфтанд, ки дар ҷамоатҳои Зайнабобод ва Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ду нуқтаи интиқоли пул боз кардаанд.
Абдувафо Воҳидов, сардори шӯъбаи маркетинги филиали шаҳри Душанбе мегӯяд, дар рӯзҳои аввали кушодашавии нуқтаҳо мизоҷон барои гирифтани маблағҳои интиқолии худ омаданд. «Кушодашавии марказҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои таъмини дастрасии мизоҷон ба хизматрасонии босифат ва осони бонкӣ равона гардида, имрӯз тамоми шароиту имкониятҳо барои онҳо фароҳам оварда шудааст»,-афзуд манбаъ.
Васеъшавии мавқеъи ҷойгиршавии Бонки Эсхата аз тамоюли пешрафти бонк дар ҳамаи самтҳои фаъолияти бонкӣ вобаста аст. Сарчашмаи хабар мегӯяд, феълан дар ҳудуди ҷумҳурӣ 15 филиал, 19 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 132 нуқтаи интиқоли пулии Бонки Эсхата амал мекунанд.
Мӯҳр