Бахшҳо

Ҳамкории сафорати ИМА ва АНМН густариш меёбад

Деннис Косгров, мушовири калони шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) оиди ҳифзи тартиботи ҳуқуқи сафорати ИМА ва Вайсиддин Азаматов, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба мизи мудаввар, ки барои намояндагони марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ва аъзои матбуот баргузор гардид, ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

«Мизи мудаввар дар саридораи Агентӣ дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома кард. Он ба кормандони матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мулоқот кардан бо ҳамкорон аз васоити ахбор ва баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба пахши ахбори таъҷилӣ, баргузор намудани нишасти матбуотӣ, фаъолият дар шароити бӯҳронӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои беназирро фароҳам овард. Мизи мудаввар инчунин барои иштирокчиёни давраи омӯзишии «Робитаи ҷомеа ба васоити ахбори омма», ки соли гузашта аз ҷониби Шӯъбаи  назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорат ташкил гардида, намояндагони Идораи робита бо ҷомеаи дафтари федералии тафтишотӣ (ДФТ) онро баргузор намуданд, ҳамчун курси такмилдиҳӣ ба ҳисоб рафт»,-омадааст дар варақаи иттилоотии сафорати Амрико дар Душанбе.
Дар иттилоияи ҳамчунин гуфта мешавад, ки чорабини мазкур ба сафари дуҳафтаинаи ёвари махсуси муовини директори Идораи робита бо ҷомеаи дафтари федералии тафтишот, ки ба Агении назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ворид шуд ва бо маркази матбуотии он зич ҳамкорӣ намуд, хотима бахшид. Бо мақсади мусоидат намудан ба маркази матбуотии Агентӣ дар бораи воқиф гардонидани ҷомеа оид ба фаъолият ва дастовардҳо, шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии сафорат дар таърихи якуми июни соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 13 солагии Агентӣ таҷҳизоти корӣ супорид.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)