Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Чин барои таҳкими амну суботи минтақа 10 миллиард доллар ҷудо карданист

7 июн 2012, 09:39

Субҳи имрӯз, 7-уми июн ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани сарони давлатҳои нозир, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабар доданд, дар қатори 6 кишвари аъзо – Тоҷикистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ин созмон ҳамчунин Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон дорои мақоми нозир буда, Белорусу Шриланка шарикони гуфтугӯ ба шумор мераванд. Дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмон, инчунин сарони давлатҳои Афғонистону Туркманистон иштирок намуданд.
Раисҷумҳури Чин Ху Ҷинтао зимни ҳамоиш изҳор дошт, ки кишвари ӯ барои дастгирии рушди босуботи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими амну субот дар минтақа дар ҳаҷми 10 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ ҷудо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон лоиҳаи Самтҳои асосии стратегияи рушди СҲШ барои дурнамои миёнамуҳлатро дастгирӣ намуда, аҳамияти онро барои таҳкими минбаъдаи ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуд:
«Мо «хонаи СҲШ»-ро, ки бо талошҳои муштарак сохтаем, бояд хуб ҳифз намоем, кӯшиш кунем, ки ҳар як узви ин оилаи бузург худро дар он бехатар эҳсос намояд», - таъкид доштааст президенти Тоҷикистон.
Ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои 10 санади нави ҳамкорӣ ва изҳороти матбуотии президенти Хитой, ки аз номи сарони ҳамаи давлатҳои аъзо сухан гуфт, ба поён расид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!