Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:27

Сел дар ноҳияи Файзобод ду пули мошингузарро хароб кард

8 июн 2012, 05:12

Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бахабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки сӯбҳи имрӯз, соати 05:30 дар натиҷаи боришоти борони пуршиддат ва омадани сел сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, пули деҳаи Сари сафедхоки ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзободро ба пуррагӣ хароб кардааст. Ҳамчунин, як купруки дигар дар  деҳаи Ҷоварсузи ҷамоати деҳоти Файзободи ноҳия қисман вайрон шудааст.

Номбурда илова намуд, ки 7-уми июни соли 2012 соати 23:00 то 24:00 дар натиҷаи боридани борони пуршиддат, дар деҳаҳои санги Маликӣ - Поҷе, Бинни Суфиёни ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодда ва деҳаи Муллобароти ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт, сел омада, ба роҳҳои байнидеҳавӣ ва як қатор биноҳои ёрирасони манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳоти номбурда зарар расонидааст: «Худи ҳамон рӯз аз соати 23:30 то 24:00 дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел, дар деҳаи Шавриқиём ва деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Нушор, ҳамчунин деҳаи Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод заминҳои кишт, роҳҳои байнидеҳавӣ ва як қатор биноҳои ёрирасон хисорот дидаанд».
Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳои осебдида дар ҷойи ҳодиса фаъолият мебаранд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!