Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:19

Натаняҳу: Таҳримҳо «ҳатто як миллиметр» ҳам барномаи ҳастайи Эронро кунд накардааст

8 июн 2012, 05:46

Нахуствазири Исроил зимни мусоҳибае ба рӯзномаи «Билед»-и Олмон гуфтааст, ки бо вуҷуди фишорҳои байналмилалӣ, барномаи ҳастайии Эрон «ҳатто як милиметр» ҳам кунд нашудааст.

Хабаргузории Форс менависад, Бенёмин Натаняҳу дар идомаи мусоҳиба ба шарҳи чигунагии амалкарди бомби атомӣ пардохта ва гуфтааст, бомби ҳастаӣ бо маводи тарканда, ки аз он ба унвони «маводи шикофпазир» ёд мешавад, пур шуда аз уран бо ғанои пойин фароҳам мешавад, ки Эрон пештар ба ин мавод даст ёфтааст.
«Чизе ки ҳамакнун аз Эрон хоста мешавад, мутавақиф кардани ғанисозӣ ё хориҷ кардани он урониюми ғанишуда нест. Аз эрониён хоста шуда, то фақат ғанисозии 20%-ро мутаваққиф кунанд. Ин иқдом ба ҳеҷ ваҷҳ барномаи ҳастайии онҳоро мутаваққиф нахоҳад кард. Ин иқдом фақат ба онҳо иҷоза медиҳад, ки барномаи ҳастаияшонро идома диҳанд»,-афзудааст сарвазири Исроил.
Вақте аз вай суол шудааст, ки бар асоси назарсанҷиҳо танҳо 36%-и мардуми Олмон бо Исроил ибрози ҳамдардӣ мекунанд, Натаняҳу ҷавоб дода, ки «ба таври кул дарки нодурусти густардае дар бораи Исроил дар ҷомеаи Олмон ва Аврупои ғарбӣ вуҷуд дорад».
Нахуствазири Исроил дар идома аз тааҳуди Ангела Маркел, садри аъзами Олмон нисбат ба амнияти Исроил тақдир карда ва гуфт, ки як намуна аз ин тааҳуд, иқдоми ахири Олмон дар фурӯши зердарёӣ (киштии зериобӣ) ба Исроил буд, ки кӯмаки муҳим ба амнияти милии Исроил мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!