Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

«Ҳиндустон ба нафти Эрон ниёз дорад. Таслими Амрико намешавем»

8 июн 2012, 06:10

Вазири хориҷаи Ҳиндустон таъкид кард, ки Эрон ҳануз манбаи муҳиме барои таъмини нафти мавриди ниёзи ин кишвар хоҳад буд ва Деҳлии нав ба ҳеч ваҷҳ таслими фишорҳои Амрико барои коҳиши воридоти нафт аз Эрон нахоҳад шуд.

Пойгоҳи интернетии «Индия таймз» ба нақл аз вазири корҳои хориҷии ин кишвар навишта, ки Ҳиндустон барои таъмини тақозои дохилии нафти худ ба Эрон ниёз дорад. Рӯзи панҷшанбеи гузашта давлати Ҳиндустон низ таъкид кард, таҳримҳои якҷонибаи Ғарб бар зидди Эрон сабаб нахоҳад шуд, то Деҳлии нав ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва қонунии худ бо Эронро мутавақиф кунад.
«Деҳлии нав ба ҳеч ваҷҳ таслими фишорҳои Амрико барои коҳиши воридоти нафт аз Эрон нахоҳад шуд, чаро ки Эрон кишвари муҳиме барои таъмини ниёзҳои энергетикии Ҳиндустон аст»,-афзудааст Соманахалли Малай Кришна.
Ба қавли вай Ҳиндустон ҳеч тааҳуде барои амал ба таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар зидди Эрон надодааст ва Деҳлии нав қасд надорад ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва қонунии худ бо Теҳронро мутавақиф кунад.
Амрико ва Аврупо қасд доранд аз ибтидои моҳи июл таҳримҳои нафтии бештареро алайҳи Эрон эъмол кунанд.
Ба қавли вазири хориҷаи Ҳиндустон Деҳлии нав бо диққат таҳавулоти марбут ба таҳримҳои байналмилалӣ ё якҷониба бар зидди Эронро пайгирӣ мекунад.
Вай дар идома гуфт, Эрон роҳи вуруди Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ аст ва густариши ҳамкориҳои Эрон ва Ҳиндустон таъсири зиёде бар суботи Осиёи Марказӣ ва халиҷи Форс хоҳад дошт.
Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Ҳиндустон ҳамакнун 16 миллиард доллар аст. Ҳиндустон ҳудуди 10 то 11 фоизи нафти мавриди ниёзи худро аз Эрон таъмин мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!