Як сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҷурми рабудани 7 сар асп дастгир шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД дар ин бора шаҳрванд Иброҳим Ҷурахонови 36 сола, сокини деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Темурмалик ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи нобаршуда, дар санаи 30-юми майи соли ҷорӣ шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз мавзеи заминҳои деҳаашон 7 сар асп, ки арзишашон 35 000 сомониро ташкил медиҳад, рабудааст.
Зимни баргузории чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса бо гумони дуздӣ Раҷабалӣ Сафарови 26 сола, сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Содиқов дастгир шуда, аспҳо бозпас гирифта шудаанд.
Мӯҳр