Ду садама як кушта бар ҷой гузошт.
Қудратулло Шоев, масъули маркази матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, рӯзи гузашта тахминан соати 16:00 Ҳабиб Девонаев Ҳабиби 32 сола, сарнишини сабукрави «Опел астра» аснои ҳаракат аз ҷониби шаҳраки Дустӣ ба самти ноҳияи Панҷ, дар километри 141-уми шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Абдураҳмон Сайфуллоеви 40 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар касалхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ду сониҳаи нақлиётӣ ба қайд расида, бар асари он як нафар ҷон бохтаву як тани дигар захм бардоштааст.
Мӯҳр