Пиёдагарди 17 соларо дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сабукрави «Мерседес бенс» пахш кард.
Аз шӯъбаи ташвиқот ватарғиботи РБДА ба хабаргузории Озодагон гуфтанд, ки нимаи рӯзи 8-уми июн тахминан соати 13:25, ронандаи автомашинаи «ТОЙОТА Ленд крузер», Ван Чан Тании 41 сола, шаҳрванди ҷумҳурии мардумии Чин, директори ҶММ «Джунда» аснои ҳаракат ба роҳи Мурғоб-Қулма дар километри 48-ум идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, онро ба тарафи рости канори роҳ чаппа мекунад. Дар натиҷа худи ронанда ва ҳамватанони ӯ- Винс Вей Чани 62 сола, Ху Дани 48 сола ва Зоу Ванг Вени 37 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Фарух Ситамови 24, мусофири дигари автомашина, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол шудааст.
Сарчашмаи хабар афзуд, худи ҳамон рӯз тахминан соати 14:30, дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, сарнишини автомашинаи «Мерседес бенс» Наврӯз Бекови 22 сола, ҳангоми ҳаракат аз ҷониби шаҳри Қурғонтеппа ба сӯи ноҳияи Бохтар аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шаҳриёр Собировро пахш мекунад. Бар асари ин ҳолиса пиёдагарди 17 сола дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
«Шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 8 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расида, 9 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр