Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ миқдори зиёди маводи нашъадор ёфт шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт дар наздикии хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Сайроб сокини деҳаи Чорбоғ Аҳмад Давлатови 36 сола боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 37 килою 755 грамм маводи сахттаъсири «ҳероин», 16 килою 300 грамм маводи нашъадори «афюн», 10 киллою 695 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 3752 дона ҳабҳои психотропии «МДМА» дар вазни 880 грамм ёфт ва мусодира шуд. Дар маҷмуъ вазни маводи нашъадори забтшуда 65 килою 630 граммро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ба ҳамин ҳодиса монанд, ҳафтаи сипаригардида дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Ҳамадонӣ Икром Темурови 38 сола, Абдурасул Ҳасанови 34 сола ва шаҳрванди ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдурашид валади Абдуқодири 40 соларо дастгир карда буданд.
«Зимни кофтуков аз борхалтаи онҳо 46 бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори махсусан калон, яъне 42 килогарам ҷой дошт, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбаршудагон зери тафтиш қарор доранд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр