Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:40

Чоруқдарон: Машкҳои ҳарбии зидди террористӣ идома дорад

11 июн 2012, 05:09

Дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) машқҳои муштараки низомии зидди терористии «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» ҷараён дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати дифои кишвар ба Озодагон гуфт, ки машқҳои муштарак таҳти роҳбарии генерал майёр Эмомалӣ Собиров, фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон шурӯъ шуд. «Дар оғози машқҳои муштараки ҳарбӣ ҳайати фармондеҳӣ баромад намуда ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани ин чорабиниро барои ҳамоҳангии ҷузъу томҳо муҳим ва саривакти арзёбӣ намуд»,-афзуд номбурда.

Дар ин машқҳо мақомоти ҳарбии идории низомӣ, ки ба ҳайати он гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ ва ҷузъу томҳои таъингардидаи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Русия ва ҷумҳурии мардумии Чин шомиланд, ширкат доранд.

Ёдовар мешавем, машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» аз 7-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии  вилояти Суғд доир мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!