Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 10:00

Нозироти андоз ду нафарро барои нақзи қонун ба ҷавобгарӣ кашид

11 июн 2012, 05:18

Кормандони нозироти андози пойхтахт зимни амалиёт оид ба иҷораи амвол дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанд қонуншиканиро ошкор намуданд.

Тавре ба Озодагон аз раёсати кумитаи андоз иттилоъ доданд, дар рафти таҳлил муайян шудааст, ки Маҳмадулло Алиев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Гулистон молу мулки ғайриманқули худро, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ 81, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст, ба маблағи 1500 сомонӣ барои як моҳ ба Зарина Қурбонова иҷора дода, худро ҳамчун иҷорадиҳанда дар қайди мақомоти андоз нагузоштааст: «Номбурдаро гурӯҳи корӣ ҳамчун иҷорадиҳанда ба қайди нозироти андоз гирифтаанд. Ҳамзамон эъломия аз даромадро ба маблағи 2 ҳазору 340 сомонӣ пешниҳод карда, маблағи онро пурра ба буҷаи давлатӣ пардохт кард. Илова бар ин, Маҳмадулло Алиев мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд».

Бино ба иттилои манбаъ, чунин як қонунвайронкунии андоз дар самти ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул дар фаъолияти шаҳрванд Ҳусейн Ҳаёев ошкор гардид. Мавсуф молу мулки ғайриманқули худро, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 91 ба иҷора дода, ба нозироти андоз эъломияи андоз аз даромади худро пешниҳод накардааст. Инчунин, маблағи иҷора дар шартнома кам нишон дода шудааст. Дар рафти санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ 1060 сомонӣ маблағи иловагии андоз барои соли 2011 ҳисоб карда шуда, маблағи зикргардида ба буҷаи дахлдор ворид шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!