Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:34

Тоҷикистон интизори арзоншавии гази Ӯзбакистон аст

11 июн 2012, 05:37

Дар назар аст, ки Ӯзбакистон шурӯъ аз моҳи оянда, ки оғози семоҳаи сеюми сол аст, нархи газашро барои Тоҷикистон арзонтар намояд.

Масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон  соли сеюм аст, ки аз рӯи формулаи нархи байналмилалӣ сурат гирифта истодааст. Зимни нархгузории газ асосан нархи нафту мазуту газол ба инобат гирифта мешавад.
Бо назардошти арзонишавии нафту маҳсулоти нафтӣ, ки чандест дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷараён дорад, интизор меравад, ки аз оғози семоҳаи сеюм гази ӯзбакӣ ҳам арзон шавад.

Ӯзбакистон ҳаҷми интиқоли газро дар семоҳаи дуюм барои Тоҷикистон наздики ду маротиба зиёд намуда, аз 45 миллион метрии мукааби семоҳаи якум то ба 80 миллион метрии мукааб дар семоҳаи дуюм расондааст.
Ҳаҷми бекафолати газ, ки дар назар аст имсол Тоҷикистон аз Ӯзбекистон харад, 200 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!