Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

«Истиқлол» бозияшро бохт. «Равшан» дастболо шуд

11 июн 2012, 06:08

Даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.

Тибқи нақшаи бозиҳо мебоист «Ҳосилот»  ва «Зарафшон» дар варзишгоҳи дастаи «Ҳосилот» вориди сабқат шаванд. Аммо ФФТ ин варзишгоҳро аз баргузории як бозӣ маҳрум кардааст. Аз ин рӯ рақобат дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуда, 1:1 ба поён расид.
Қувваозмоии «Хайр» ва «Вахш» дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат сурат гирифта бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 55-уми нимаи дувуми сабқат, ба иллати боридани борони сахт футболбозону доварон майдонро тарк кардаанд. Ин бозӣ чанд рӯз дертар баргузор хоҳад шуд.
Бозии «Гвардия» - «Парвоз  дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи «Парвоз» анҷом ёфт.
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ намуданд. «Истиқлол» дар ин бозӣ танҳо як гол зад, аммо ҳарифонаш ба задании ду тӯб муваффақ шуданд.
Бозии «Равшан» ва ЦСКА «Помир» 1:0 шуд. Дидори охири даври 10-ум 10-уми июн бо рақобати «Истаравшан» - «Хуҷанд» анҷом ёфт. Натиҷаи ин бозӣ 1:2 буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!