Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Арзонишавии нафт даромади муҳоҷирони тоҷикро кам кардааст

11 июн 2012, 06:36

Коҳиши босуръати нархи нафт дар ҷаҳон камбуди долларро дар бозори Русия ҳам вусъат дода, рубли русиро дар баробари он камқурб намудаст. Ин раванд ба даромади муҳоҷирони тоҷики дар Русия фаъолияткунанда таъсири манфӣ расондаст, чун маоши онҳо асосан бо рубли русӣ пардохт мегардад.

Азим Назаров, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Маскав кор мекунад, изҳор дошт, қаблан 30 ҳазор рубли маошаш ба 1050 доллари амрикоӣ баробар буд. Айни ҳол ҳам 30 ҳазор рубл мегирад, ки ҳамагӣ 900 доллари амрикоӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири корӣ фаъолият карда, маблағи роҳикардаашон такягоҳи асосии иқодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Камбуди доллар дар Русия боиси он аст, ки бисёре аз муҳоҷирон ба ҷои доллар рубли русиро ба Тоҷикистон равон мекунанд, ки дар натиҷа дар Тоҷикистон ҳам доллар каму рубли русӣ зиёд шудааст.
Афзоиши рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон коҳиши қурби онро ба бор овардаст.
Айни ҳол 100 рубли русӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе зимни харид 14,1 сомонӣ нарх дорад. Дар ҳоле, ки қаблан 100 рубли русӣ наздики 17 сомонӣ мешуд.
Дар ҳамин ҳол қурби доллар дар кишвар майли гаронӣ дошта, дар бозори нақди кишвар камбуди он ҳам ба мушоҳида мерасад. Айни ҳол арзиши як доллар зимни фурӯш дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,9 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди як моҳ пеш 4 дирам қимматтар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!