Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон дар доираи як барнома

11 июн 2012, 07:54

Имрӯз барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон ба имзо расид.

Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд,  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши роҷеъ ба барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон санад имзо карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ниёзи зиёд ба рушди захираҳои башарӣ дар сохтори қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ доранд, нигаронида шудааст. Ин лоиҳа дар Тоҷикистон барои 4 сол пешбинӣ шуда, аз соли 2009 шурӯъ гардидааст.
Барномаи мазкур кӯшишҳои Тоҷикистонро баҳри рушди захираҳои башарӣ тақвият бахшида, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!