Дар паи арзонишавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ таҳлилгарони тоҷик арзонишавии маҳсулоти нафтиро дар бозори дохилии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд.
Русия, ки фурӯшандаи асосии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аст, ҳар моҳ ҳаҷми боҷи содиротии маҳсулоти нафтиро аз рӯи нархи нафт дар ҷаҳон муайян менамояд. Аз 15-уми апрел то 15-уми май нархи миёнаи як бушка нафт ҳудуди 115 доллари амрикоиро ташкил дода буд ва бо назардошти ин ҳукумати Русия боҷи содиротиро аз 1-уми моҳи ҷорӣ барои як тонна бензин 377 доллар ва барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар 277 доллар муайян кард.
Ба далели он ки охири моҳи май ва аввали моҳи ҷорӣ нархи як бушка нафт дар ҷаҳон аз ҳадди 100 доллар поён рафтаст, дар назар аст, ки Русия боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро аз 1-уми июл ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Тибқи қонунҳои бозор ва дар сурати нархгузориҳои асоснок, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бояд онро таъмин намояд, таҳлилгарон арзонишавии маҳсулоти нафтиро дар кишвар пешгӯӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ давоми як моҳи охир 3 фоиз ва аз аввали сол 10 фоиз арзон шуда, айни ҳол дар шаҳри Душанбе як литр бензини АИ 92 ба ивази 6,2 сомонӣ ва АИ 95 бо нархи 6,6 сомонӣ дар фурӯш аст. Бо вуҷуди баъзе арзонишавиҳо нархҳои мавҷудаи бензин дар муқоиса бо нишондоди моҳи июни соли гузашта 20 фоиз қиматтар мебошад.
Мӯҳр