Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Рустам Назаров ба Индонезия рафт

12 июн 2012, 04:04

Имрӯз, 12-уми июн дар шаҳри Денпасари Индонезия конфронси XXIX-уми  байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC – XXIX) ба кори худ оғоз мекунад.

Ҷиҳати ширкат дар ҳамоиши мазкур Рустам Назаров, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба Индонезия сафар кард.  
Бобоҷони Шафеъ, як масъули агентии мазкур ба Озодагон хабар дод, ки конфронси XXIX-уми байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC) соли 1983 таъсис шудааст. «Дар он намояндагони зиёда аз 90 кишвари ҳамаи қитъаҳои олам иштирок менамоянд. Дар конфронси соли 2010-ум, ки дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) гузашт, дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории чорҷониба оид ба интиқоли маводи мухаддир тавассути «Хатсайри Шимол» қарор қабул гардид»,-афзуд манбаъ.
Ба қавли ҷаноби Шафеъ ба ҳайти ин гурӯҳ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, ВКД-и Афғонистон, Агентии мубориза бо мухаддироти ИМА (ДЕА) ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадор (ХФНМН)-и Русия шомиланд.

Конфронси мазкур то 14-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!