Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:34

Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо рафт

6 июн 2011, 06:17

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди  расмӣ ба Аврупо сафар кард.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимни ин сафар сардори давлат аз ҷамоҳири Фаронса, Австрия, Люксембург ва Маҷористон дидан мекунад. Гуфта мешавад, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро  вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии райисҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов,  раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ҳамроҳӣ мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!