Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:13

Дар Алмаато қарордод оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ тасвиб шуд

12 июн 2012, 04:25

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Зимни он 192 ҳуҷҷати меъёрӣ-байнидавлатӣ қабул гадид, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти давлатҳои аъзои ИДМ мусоидат хоҳанд намуд. Аз Агентии Тоҷикстандарт ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст ҷамъбасти фаъолияти мақомотҳои соҳаи стандартизатсияи, метрология ва сертификатсияи тамоми давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2011 ва муҳокимаи натиҷаҳои он, масъалаҳои умумӣ оид ба иҷроиши қарорҳои мақомотҳои оинномавии кишварҳои ИДМ, танзими техникӣ, стандартизатсия, баҳогузории мутобиқат, метрология, аккредитатсия, назорат оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
“Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар ҳамоиши мазкур, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда як қатор қарорҳо, аз қабили ёддошти тафоҳум байни ШБД ва ЕОSs, дар бораи иҷроиши Консепсияи дурнамои рушди ИДМ ва нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи якум, қарордод оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ, лоиҳаи Созишнома оид ба регламентҳои техникии байнидавлатии давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, дар бораи иҷроиши Барномаи корҳо оид ба стандартизатсияи байнидавлатии маҳсулоти хурокворӣ дар давраи то соли 2015 қарор қабул намуд”,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар гуфт, тибқи қарори ҷаласаи Шӯро бахшида ба 20 солагии ШБД  барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ, бархе аз роҳбарон ва мутахассисони мақомотҳои миллӣ, аз ҷумла 9 корманди Агентии Тоҷикстандарт низ бо медалҳои ҷашнии 20-солагии ШБД ва нишони фахрии ШБД «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!