Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Беморхонаро танҳо баъди супориши раиси вилоят таъмир мекунанд

12 июн 2012, 05:34

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон мачбур шуд, то беморхонаи аз фаъолият бозмондаи ҷамоати деҳоти ба номи Вайсови ноҳияи Восеъро таъмиру тармим намуда, аз нав барқарор намояд.

Тибқи иттилои Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, барои азнавбарқароркунии беморхонаи мазкур сметаи пешакӣ ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ тартиб шуда, барои маблағгузорӣ ба ҳукумати вилоят пешниҳод гардидаст. Ба андешаи ӯ «ин смета аллакай аз назари мутахассисон гузашта, рӯзҳои наздик бо супориши раиси вилоят бояд маблағгузорӣ шавад».
Тибқи нақшаи пешакӣ, дар назди беморхона инчунин 5 кат барои шӯъбаи амрози дохилӣ, 5 кат барои бемориҳои кӯдакона ва 5 кати дигар барои таваллудхона аз нав бунёд мешавад.
Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон дар як вохурӣ бо сокинони ин ҷамоат дар таърихи 26-уми май, ба масъулини раёсати тандурустӣ ва молияи вилоят барои ҳар чӣ тезтар маблағгузорӣ ва барқарорсозии беморхонаи ҷамоатӣ ва осоишгоҳ барои гирифторони бемории сил, ки низ бо иллати камбуди маблағ ва нарасидани мутахассисон кайҳо аз фаъолият бозмонда буд, супориши қатъӣ дод.
Миралиев афзуд: «Барои барқарорсозии осоишгоҳ низ сметаи махсус ба маблағи 427 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда ба ҳукумати вилоят пешниҳод гаштааст. Ҳар ду пешниҳод аллакай аз назари мутахассисон гузашта, рӯзҳои наздик бо супориши раиси вилоят бояд маблағгузорӣ шаванд».
Гуфта мешавад, ҷамоати мазкур дар гузашта хоҷагии ба номи Киров, ҳамчун мавзеи силзада дар тамоми қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ маъмул гашта буду бо супориши ҳокимони вақт ин ҷо як осоишгоҳи махсус ва низ беморхонаи зидди бемории сил бунёд ёфт. Ҳанӯз ҳам гирифторони сил ин ҷо зиёд ба қайд гирифта мешаванд.
Аммо барои аз фаъолият бозмондану вайрону валангор гаштани ин ду шӯъбаи муҳими тиббӣ касеро парвое набуд, то замоне ки раиси вилоят шахсан барои ободонии он мусоидат накард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!