Бахшҳо
12 июн 2012 06:25Хабарҳои ҷаҳон

Баррасии мантиқи таҳримҳо алайҳи Эрон аз ибтидо то кунун

Ба гузориши Форс, замоне ки вазирони хориҷии 3 кишвари Аврупоӣ, яъне  Англия, Фаронса ва Олмон дар аввалҳои соли 2003 ба даъвати давлати ислоҳот озими Теҳрон шуданд, касе гумон намекард, ҳосили тавофуқоти онҳо таҳти унвони Баёнияи Теҳрон, барои ҳамеша пойдевори бинои дархости ғайриқонунии «боздоштани ғанизосии уран» дар Эронро бигузорад.

Дар воқеъ, сиёсатмадорони вақти Эрон дар он марҳала сирфан бо мутаваққиф кадани «довталабона»-и ҳамаи фаъолиятҳои ғанисозии уран ва боз фароварӣ, танҳо барои чанд ҳафта мувофиқат карданд, аммо ҳамин аввалин гоми рӯ ба ақиб, роҳро барои зиёдахоҳиҳои Ғарб чандон кушуд, ки онҳо 4 моҳ баъд бар асоси мувофиқатномаи Бруссел, хоҳони маваққуфи монтажу озмоиши сентрифугаҳо ва фаъолиятҳои ғанисозӣ дар ҳамаи таъсисоти мавҷуд дар Эрон шуданд. Ҷониби аврупоӣ ба ҳамин ҳад басанда накард ва бо судури шадидтарин қатъномаи шурои мудирон алайҳи Эрон, Теҳронро дар охири соли 2004 водор ба пазириши таваққуфи комил ғанисозии уран кард.

Нуктаи ҳамаи ин баёнияҳо ин буд, ки ҳеч зарурате барои Эрон эҷод намекард, аммо замоне ки парвандаи ҳастайии Эрон соли 2005 ба шӯрои амният фиристода шуд ва ба дунболи он шӯро соли 2006 бо судури қатъномаи 1696, аз Теҳрон хост то фаъолияти ҳастайии худро ба ҳолати муаллақ дароварад, аз он замон таваққуф ба амре зарурӣ табдил ва ба ин тартиб замина барои судури чор қатъномаи таҳрим лайҳи Эрон фароҳам шуд, ки авалини он қатъномаи 1737 буд.

Нуктаи дигар ин ки, фасли муштараки ҳамаи ин қатъномаҳои таҳрим, таъкид бар таваққуфи бидуни таъхири ҳамаи фаъолиятҳои марбут ба ғанисозӣ ва бозфароварӣ, аз ҷумла таҳқиқ ва тавсеа аст ва тибқи ин қатъномаҳо дар сурате ки Эрон гоме барои иҷро кардани ин дархост барнадорад, ҳар бор доманаи таҳримҳо алайҳи  Эрон густариш хоҳад ёфт.
Албата, Амрико ва Аврупо ба ҳамин таҳримҳо низ иктифо накарданд ва ҳар як дар марҳалаҳои мухталиф бо истифода аз фазои сиёсии ҳоким, таҳримҳои якҷониба низ алайҳи Эрон ҷорӣ карданд, ки таҳрими бонки марказӣ ва саноати нафти Эрон аз охирини ин маворид ба шумор меояд.
Аз бароянди матолиби фавқ ба равшанӣ мушаххас мешавад, фалсафаи вуҷуди ба коргирии таҳримҳо алайҳи Эрон, ба манзури тарғиби Теҳрон ба таваққуфи ғанисозии уран буда аст ва дар сурате ки Ғарб ғанисозии уран дар Эронро бипазирад, таҳримҳо бе мантиқу бурҳон хоҳанд буд.

Ин мавзӯъ ба вижа аз замони баргузории нишасти Истанбул 2 дар соли 2012 вориди марҳалаи тозае шуда, чаро ки дар тули ин давр аз музокирот, тарафи Ғарбӣ дар қиболи ғанисозии уран бо ғилзати 5% дар Эрон, сиёсати сукутро дар пеш гирифт ва сирфан дар изҳори назарҳои пароканда аз зарурати таваққуфи ғанизосии 20% дар Эрон сухан ба миён овард. Ин дар ҳоле аст, ки таваққуфи ғанисозӣ дар даврае пеш шарти шурӯи музокирот буд ва дар давраи дигар ба дархости 5+1 барои идомаи гуфтугӯҳо табдил шуда буд, аммо то кунун ин мавзӯъ ба таври кул аз гуфтумони аъзои аврупоӣ ва Амрикоии ин гурӯҳ ҳазф шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ, идомаи таҳримҳои байналмилалӣ ва ё якҷониба алайҳи Эрон, дигар далеле надорад ва Ғарб гузинаи дигаре ҷуз бекор кардани онҳо дар ихтиёр нахоҳад дошт; иқдоме, ки ба таври қатъ метавонад таъсири бисёр созандае дар раванди музокироти оянда дошта бошад.

Сарчашма: Хабаргузории Форс
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)