Дар музофоти Вардаки Афғонистон бар асари инфиҷори минаи канори роҳ панҷ сокини осоишта ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои расида, мусофиркаши ҳомили сокинони маҳаллӣ ба мин бархӯрда оташ мегирад. Миёни қурбониён як зан ва як кӯдак низ будаанд.
Як рӯз қаблтар дар пайи ҳодисаи монанд дар шимоли Афғонистон ҳамчунин панҷ нафар кушта шуд. Мақомоти давлати исломӣ дар ин таркишҳо толибонро гунаҳкор мекунанд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз минкорӣ кардани роҳҳо ҳамла ба низомиёни хориҷии мустаққар дар Афғонистон мебошад.
Мӯҳр