Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:57

Беҳтаринҳои футболи тоҷикро дар моҳи май муайян карданд

12 июн 2012, 10:00

Дилшод Восиев, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе беҳтарин бозингар дар моҳи май эътироф шуд.

Тавре қаблан хабар додем, Федератсияи футболи Тоҷикистон (Ф ФТ) ҳар моҳ беҳтарин бозингар, беҳтарин сармураббӣ ва беҳтарин довари футболи кишварро дар асоси назарпурсӣ муайян мекунад. Зимни хулосаи ин назарсанҷӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода беҳтарин мураббӣ шинохта шудааст. Равшан Эшматов бошад, унвони беҳтарин довар дар моҳи майро соҳиб шуд.
Интихоби беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон ҳар моҳ навоварие дар варзиши №1-и кишвар мебошад. Қаблан, беҳтаринҳоро танҳо дар поёни сол муайян мекарданд.
Дилшод Восиев бо касби 45 хол дар садри беҳтарин бозингарон қарор гирифтааст. Ҳамлагари «Энергетик» Габриэл Донто  ва бозингари «Регар-ТадАЗ» Комил Саидов 32 холӣ гирифтаанд. Футболбози «Хайр» Мирзобек Мирзоева 23 ва дарвозабони «Равшан» Рустам Ризоев 18 холро соҳиб шудаанд.  
Миёни сармураббиҳо  Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо 38 хол пешсаф аст. Салоҳиддин Ғафуров сармураббии «Вахш» 37, Никол Кавазович (Истиқлол) 32, Маъруф Рустамов (Равшан) 24, Ҳамид Каримов (Хуҷанд) 19 хол гирифтаанд.
Равшан Эшматов (Қӯрғонтеппа) 42 имтиёз дорад. Ҷои дуюм бо 40 хол насиби Раҳмон Муртазоев (Душанбе) шудааст. Рустам Холов (Душанбе) 34 ва Хуршед Дадабоев (Хуҷанд) 18 холро соҳиб гардидаанд.
Беҳтарин бозингар, беҳтарин сармураббӣ ва беҳтарин довар аз ФФТ 500 сомонӣ (ҳар кадом) гирифтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!