Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:30

«Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ шароити сармоягузориро беҳтар мекунад»

12 июн 2012, 10:21

Ҳамоиши «Таҷрибаи ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳии соҳаҳои истихроҷи Тоҷикистон» дар Душанбе сурат гирифт.

Нимаи авали имрӯз, 12-уми июн, бо ибтикори барномаи «Ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳи»-и шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва ҳамшарикии Иттифоқи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон «Шафофият барои рушд» дар маркази тиҷоратии «Вафо»-и Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамоиши таҷрибаи ташаббуси шаффофият ва ҳисоботдиҳии соҳаҳои истихроҷи Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар кори ҳамоиш намояндагони кишварҳои Озорбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.
Алиакбар Абдуллоев, котиби шӯрои иттиҳоди ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба истихроҷи маъданҳои табиӣ гуфт, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) барои беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дорад: «Ба ғайр аз ин ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари ҷонибдори ТШСИ қонунҳояшро такмил дода, дараҷаи шаффофияти даромадҳоро ба буҷаи давлатӣ ва дурустии харҷи онҳоро баланд мебардорад, воридоти сармоягузоририи хориҷӣ афзун гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад ва барои табақаҳои нави аҳолӣ сарчашмаҳои нави даромад ба вуҷуд меояд».
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ТШСИ стандарти ҷаҳонӣ буда, барои шаффофият дар соҳаҳои саноати истихроҷи нафту газ ва кӯҳканӣ мусоидат менамояд. Зикр гардид, ин ташаббус аз ҷониби Тони Блер, сарвазири Британияи Кабир пешниҳод шуда буд ва феълан зиёда аз 35 давлати дунё ба ин ташаббус шомиланд. Ин ташаббус талаботи хосаи худро дорад, ки давлати шомили он муваззаф аст, онро риоя намояд.
Алиакбар Абдуллоев мегӯяд барои шомил шудан ба ин ташаббус, пеш аз ҳама хоҳиши роҳбарият ё ҳукумати кишвар лозим аст. «Ҳукумати Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси мазкурро моҳи июни соли 2011 шурӯъ кардааст. Моҳи августи ҳамон сол 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иқдоми мазкур дастгирӣ карда, Иттиифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд»-ро таъсис доданд»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!