Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 10:58

Маводи мухаддира қонунӣ шавад?

6 июн 2011, 06:56

Русия маводи мухаддирро расмӣ намекунад.

Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Русия ҷавобан ба маърӯзаи «Кумиссиёни СММ оид ба муходирот», ки тақозои расмӣ кунонидани баъзе аз намудҳои муходиротро пешниҳод кардааст, изҳор намудааст. Гуфта мешавад, ки чунин пешниҳод аз сӯи 1 созмони ғайриҳукуматии мавсум ба «Кумисияи вижа дар соҳаи муходирот», ки ба он чеҳраҳои саршинос ба мисли собиқ муншии кулли СММ Кофи Аннан, собиқ президентони Бразилия, Мексика, Колумбия ва дигарон шомиланд, ироа шудааст.

Тавре ВКХ Русия иттилоъ медиҳад, изҳороти дар ин маърӯза ироашуда ҳеч умумияте ба мавқеи кишварҳои аъзами узви СММ надошта,  танҳо нуқтаи назари шахсии чанд нафари алоҳида мебошанд, ки шомили ин ташкилоти ғайрирасмианд.

Аз тарафи дигар Русия эълон доштааст, ки барои иҷрои тамоми эъломияҳои зидимуходиротии СММ, ки  раванди қонунӣ ва ҳам ғайриқонунии гардиши мухаддиротро танзим менамояд, содиқ мемонад ва ҳамчунин тамоми қувваро барои муқобилият алайҳи хатари ҷаҳонии маводи мухаддир дар асоси қарорҳои СММ равона хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!