Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия

13 июн 2012, 05:20

Райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии ҳамтои русаш Владимир Путин номаи табрикотӣ ирсол кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, ин барқия ба муносибати солгарди қабули Эъломияи истиқлоли Федератсияи Русия омода шуда, дар он аз ҷумла омадааст:
Владимир Владимировичи мӯҳтарам,
Бинобар сабаби таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Русия табрикоти сидқию самимии маро қабул фармоед.
Тоҷикистон ба сатҳи ба дастомадаи муносибот ва ҳамкориҳои стратегии байни ҳарду кишвар баҳои баланд медиҳад.Изҳори умед мекунам, ки талошҳои муштараки мо ба ҳамкориҳои судманди миёни ҳарду кишвар нерӯи тоза мебахшад. Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро барои дар амал татбиқ намудани қарордодҳо дар бораи вусъат ва тақвияти минбаъдаи муносиботи дуҷониба истифода мекунад.
Зимнан, дар поёни номаи Раҳмон ба Путин навишта шудааст, ки: «Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба Шумо, Владимир Владимировичи мӯҳтарам, дар татбиқи нақшаҳо ва талошҳои Шумо, ки ба шукуфоии Русия ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ равона гардидаанд, тандурустии комил ва комёбиҳои беназир, ба халқи дӯсти он- сулҳу некӯаҳволиро таманно намоям».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!