Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:22

Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 9,6 миллион $ медиҳад. Чаро?

13 июн 2012, 09:12

Имсол барои пардохти қарзӣ Бонки Ҷаҳонӣ, ки калонтарин созмони молиявии қарздиҳандаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз буҷети кишвар ҷудо намудани 9 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ дар назар аст.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон аз ин миқдор маблағ 6,7 миллион доллар барои рӯйпӯш кардани қарзи асосӣ ва 2,9 миллионаш барои пардохти фоизҳо равона хоҳад шуд.  Масъулини вазорати молия мӯҳлати қарзҳои додаи Бонки Ҷаҳониро 40 сол ва фоизи қарзҳоро 0,76 фоиз арзёбӣ карданд.  
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ ҳудуди 2 миллиарду 138 миллиолн доллари амрикоиро ташкил додааст. Ба гуфтаи масъулини вазорати молия ин миқдор маблағ наздики 29,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил намуда, таҳдиде ба иқтисодиёти кишвар надорад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!