Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 17:03

Ронандаи «гурезпо» ба даст афтод

13 июн 2012, 09:19

Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД иттилоъ доданд.

Тибқи иттилоъи сарчашмаи хабар, шаби 11-уми июн, тахминан соати 22:30 ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор, дар ҳудуди ҷамоати «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда пиёдагард, Шерзод Насриддинови 28 сола, сокини деҳаи Конститутсияро   пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.          Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар касалхона ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноят аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» рақами қайди давлатиаш ЕВ 10-57 01 РТ, Ҳакимҷон Насриддинови 41- сола, сокини ноҳияи Ҳисор содир шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!