Бахшҳо

25 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қарзи барқ

Дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарздорӣ аз барқ аз ҷониби итеъмолкунандагон наздик ба 25 миллиону 500 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора ба «Озодагон» Мирзо Исмоилов, сардори раёсати шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳамин миқдор 13-миллионаш  ба дӯши аҳолӣ ва беш аз 11-у ним миллион сомонӣ  ба идораи хоҷагии оби вилоятӣ рост меояд.

«Барои мо аз ҳама мушкил ҷамъоварии маблағ аз идораи хоҷагии об мебошад. Зеро хоҷагиҳои кишоварзии навоҳӣ ба ин идора ҳаққи оби истифодашударо намедиҳанд ва дар мавриди худ, идораи хоҷагии об маблағи пардохти ҳаққи қарзи барқро надорад. Аз аввали соли ҷорӣ инҷониб ҳамин идора ба маблағи 641-ҳазор сомонӣ барқ истифода бурдаву ҳамагӣ 10-ҳазори онро тавонист пардохт намояду бас», мегӯяд Исмоилов. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои манбаъ, қиммати нерӯи барқ барои идораи хоҷагии об ҳамагӣ 1,5-дирам барои 1-кВт/с будааст.

Аҳолӣ бошад,  акнун  барои пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дигар коҳилӣ намекунанд. Баъзан иллат сари фаолияти нохуби назоратчиҳо мерафт, ки дар аксари маврид қисмати зиёди расидҳои пардохти маблағ ба корхона ворид намегардид. Бо ҳамин айб, соли гузашта 82 нафар аз назоратчиён дар ҳамаи навоҳии минтақа аз кор ронда шудаанд.

Ҷаноби Исмоилов гуфт, ҳар моҳ аз ҷониби аҳолӣ пардохти маблағи барқ зиёд мегардад. Агар моҳи январи ҳамин сол пардохти ҳаққи барқ аз аҳолӣ  каме бештар аз 60-дарсадро ташкил медод, пас дар моҳи май аллакай пардохти он ба зиёда аз 120-фойиз расид.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)