Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:54

Соҳибкорони пойтахт даромади худро махфӣ нигоҳ медоранд

13 июн 2012, 11:01

Боз чанд соҳибкори дигар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷарима шуданд.

Тибқи иттилои Гавҳар Ҳомидова, як масъули Кумитаи андоз , дар пайи амалиёти кормандони ин ниҳод  муайян карда шуд, ки Зӯҳро Алиева молу мулки ғайриманқули худро, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ 89/1 воқеъ гардидааст, ба иҷора дода, ба нозироти андоз эъломияи андоз аз даромади худро пешниҳод накардааст. --- -
-Нисбати ӯ дар асоси талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуда, маблағи барилова ҳисобшудаи андоз ба буҷет ворид карда шуд,-афзуд манбаъ.
Ба ҳамин ҳолат монанд, зимни амалиёт дар ошхонаи “Киш-миш” воқеъ дар кӯчаи Сомонӣ 4, ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муайян гардид, ки Шарофат Шодиева, сокини кӯчаи Гиссарская 35, ҳуҷраи 25, молу мулки ғайриманқули худро ба иҷора дода, тибқи иттилои нозироти андоз, маблағи ҳармоҳаи иҷораро бо сабаби гузаронидани таъмир дар ошхона, ба маблағи ҳармоҳаи 500 сомонӣ муқаррар намудааст, аммо эъломияҳои андози худро ба нозироти маҳалли ҷойгиршавӣ пешниҳод накардааст. Дар натиҷа, нисбати номбурда барои сари вақт пешниҳод накардани эъломия аз даромад дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!