Бахшҳо

Президент дар Исфара хишти аввали як мактабро гузошт

Баъд аз зӯҳри 13-уми июн, райисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳри Конибодом ба Исфара ташриф оварда, бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор га заминҳо шодоб гардида, дар зиёда за 800 гектари он беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ободу зебо соҳиби манзили истиқоматӣ шавад. Зиёда аз 2200 гектари он барои боғдорию зироаткорӣ ва ба кор таъмин кардани мардум пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент дар ҳузури ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба каналӣ Моҳпарӣ ва ин мавзеи ташналаб оби ҳаётбахш сар дода шуд. Гуфтанист, беш аз 4 километри ин канал дар давоми 2 моҳ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мардум ба тариқи ҳашар канда шуд. Қайд шуд, ки 5 км аввали ин канал замони шӯравӣ дар давоми 5 сол омода гардида будааст.  
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввали мактабу маркази саломатӣ ва нахустин хонаи истиқоматӣ ба бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин оғоз бахшид.
Ин маҳаллаҳо дорои 2 мактаби замонавӣ бо 1150 ҷойи нишаст дар як баст, як маркази саломатӣ, 2 ҳаммоми ҷамъиятӣ ва дигар иншооти иҷтимоию зербиноӣ хоҳанд буд.
Дар ин мавзеъ, асосан оилаҳои ниёзманди деҳаҳои сераҳолии Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ, Кулкант, Нефтобод ва ғайра, ки мушкилоти ҷиддии манзилӣ доранд, ҷойгир карда мешаванд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)