Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 феврал 2017, 16:02

ВКД: Қазияи куштори райиси «Хоҷагии ҷангал ва шикор» таҳқиқ мешавад

14 июн 2012, 07:01

Шаби гузашта пойтахт ба ҷони роҳбари Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмӯъмин Сафаров ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Номбурда аз якчанд тири ба сараш холӣ шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, феълан барои таҳқиқи ин қазия гурӯҳи фаврию ҷустуҷӯӣ ташкил шудааст.
Холмӯъмин Сафаров 24 январи соли 1955 дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз 4 июли соли 2009 то имрӯз ба ҳайси роҳбари МД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамуд.
Гуфта мешавад, Холмӯъмин Сафаров аз хешовандони наздики президенти Тоҷикистон буда, хоҳари Эмомалӣ Раҳмон ҳамсараш аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!